, Якшанбе, 08-Феврал

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

Имрӯз 6.02.2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, дотсент Каримова Назокат, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзулохуҷа, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорону аъзоёни маҳфил иштирок  доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо баромад намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ миёни донишҷӯён сухан гуфт.

Сипас, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси математика Одинаев Эмомалӣ бо маърӯзаи худ таҳти унони «Татбиқҳои геометрӣ ва физикии интегралҳои муайян» баромад намуда, ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии мавзуъро шарҳ дод.

Дар охир, маҳфил бо муҳокимаи мавзуъ, ҳалли мисолу масъалаҳои риёзӣ ва мубодилаи афкор миёни донишҷӯён идома ёфта, бо хулосабарорӣ аз ҷониби роҳбар ва иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!