, Якшанбе, 08-Феврал

ТАЪРИХИ ТОҶИКОН - НАМУНАИ ОЛИИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


ТАЪРИХИ ТОҶИКОН - НАМУНАИ ОЛИИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 5 феврали соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Таърихи тоҷикон - намунаи олии ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16.12.2025 баргузор гардид

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ, муовинони ректор, садорати факултетҳо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар оғози ҳамоиш ректор донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки имрӯз масъалаи тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таърихи пурғановати халқи тоҷик ва тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои меҳварӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ҳамчун пояи устувори пойдории давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеа таваҷҷуҳ мегардад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, бе шинохти таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ таҳкими давлатдорӣ ва пойдории истиқлолияти миллӣ ғайриимкон аст.

Сипас, Маҳмудов Давлатшоҳ – мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Таърихи тоҷикон - намунаи олии ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ” суханронӣ намуд. Дар баромади худ Маҳмудов Давлатшоҳ қайд кард, ки таърихи тоҷикон, таърихи ватандӯстӣ, истиқлолхоҳӣ ва мубориза барои ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошад. Аз давраҳои бостон то ба имрӯз халқи тоҷик, новобаста аз фишору тохтутозҳои бегонагон, забон, фарҳанг ва арзишҳои маънавии худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён исбот кардааст, ки миллате бо таърихи зинда ва худшиносии устувор ҳаргиз шикастнопазир аст. Маҳз ҳамин эҳсоси ифтихори миллӣ ва худогоҳии таърихӣ буд, ки дар марҳилаҳои тақдирсоз, аз ҷумла дар солҳои душвори охири асри гузашта, ба пойдории ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон замина гузошт.

Омӯзиши амиқи таърих ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгон барои тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва масъулиятшинос аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Маҳз шинохти решаҳои таърихӣ ва эҳсоси тааллуқ ба арзишҳои миллӣ метавонад ҷавононро аз ҳар гуна андешаҳои бегона ҳифз намуда, онҳоро ба созандагӣ ва хидмат ба Ватан ҳидоят намояд, - изҳор дошт ӯ.

Дар қисмати музокирот дотсентон Сафаров Холмад, Холиқзода Сафар ва Холмуродзода Меҳрафрӯз ба сухан баромада, андешаҳои худро оид ба мавзуи баррасишуда баён намуда, зарурати ташкили чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва тарбияи худшиносии миллии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!