,
Ҷумъа, 06-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби садорати факултети филологияи тоҷик ва журналистика хониши сиёсӣ дар мавзуи «Худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун омили ташаккули ҷаҳонбинӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар партави эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардидааст, баргузор шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои якуми факултет фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад зимни суханронӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ», оид ба аҳаммияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дар раванди ташаккули шахсияти ҷавон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии солими насли наврас ибрози назар намуд.
Сипас, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад бо маърӯзаи илмии худ дар мавзуи «Пешвои миллат – асосгузори мактаби хештаншиносӣ» баромад намуда, нақши андешаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии Пешвои миллатро дар ташаккули мактаби муосири худшиносии миллӣ шарҳ дод.
Дар қисмати музокирот доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ ва ҷонишини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ Насимҷони Саидаъзам суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои худогоҳии миллӣ, ҷойгоҳи забон, адабиёт ва тарбия дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон андешаҳои судманд баён карданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нақши муҳим дошта, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки бо мақсади густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ва боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии ҷавонон, чунин хонишҳои сиёсӣ минбаъд низ ба таври пайдарпай бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ, инчунин дигар дар факултетҳо баргузор карда хоҳанд шуд.