, Ҷумъа, 06-Феврал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷик Иброҳимзода Зафар Иброҳим дар мавзуи “Тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон (1991-2021)”, зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдуллоев Маҳмуд Холович баргузор гардид.

Дар муҳокима профессор Абдуллоев Маҳмуд, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Суфиев Садриддин, дотсент Сафаров Холмад ва ҳайати дотсентону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Суфиев Садриддин, дотсентон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Мирзоев Ғолибшо ва Баҳодурзода Беҳруз ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Иброҳимзода Зафар бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!