,
Ҷумъа, 06-Феврал
Имрӯз, 4-уми феврали соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо докторантони PhD ва унвонҷӯёни муассиса баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ ба тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбия ва омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, таҳия ва мураттабсозии рисолаҳои илмӣ ва боло бурдани ҳисси масъулиятшиносӣ дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ равона гардида буд.
Дар вохӯрӣ масъулони қисми илми муассиса, докторантони PhD-и курсҳои 1-2 ва 3, инчунин унвонҷӯён иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки илм ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа нақши сарнавиштсоз дошта, омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад. Ӯ зикр кард, ки дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар донишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил, таҳқиқ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, докторантон ва унвонҷӯён бояд бо истифодаи самараноки ин имкониятҳо рисолаҳои илмии худро дар сатҳи баланди таҳлилӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири таҳқиқотӣ омода намоянд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои муҳими раванди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, тартиб додани нақшаи дақиқи корҳои илмӣ, масъулиятшиносӣ дар таҳияи рисола, омода ва нашр намудани мақолаҳои илмӣ, иштироки фаъол дар конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ҳамчун омилҳои муҳими муваффақият арзёбӣ гардиданд. Ҳамчунин зарурати мушаххас намудани навоварии илмӣ, истифодаи манбаъҳои боэътимод ва пойгоҳҳои байналмилалии иттилоотӣ, риояи интизоми илмӣ ва анҷоми марҳилаҳои тадқиқот дар муҳлатҳои муайян таъкид карда шуд. Густариши фаъолияти нашрӣ дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ҳамчун шарти асосии ҳимояи муваффақонаи рисолаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идома зикр шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирии фаъолияти илмӣ тамоми шароитҳои заруриро, аз ҷумла дастрасӣ ба пойгоҳҳои муосири иттилоотӣ, имконияти иштирок дар ҳамоишҳои илмии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин дастгирии моддиву техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими илмӣ муҳайё менамояд. Докторантон даъват карда шуданд, ки аз ин имкониятҳо ҳадафмандона ва самаранок истифода баранд.
Дар қисмати суолу ҷавоб докторантону унвонҷӯён масъалаҳои муҳими амалӣ, аз ҷумла мусоидат ба нашри мақолаҳо ва фароҳам овардани шароити иловагӣ барои анҷоми корҳои таҷрибавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.