,
Ҷумъа, 06-Феврал
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҳамин замина, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар донишгоҳ ифтитоҳи як қатор синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба номи устодону донишмандони варзида баргузор шуд. Ин синфхонаҳо ва озмоишгоҳ ба хотири пос доштани заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва аҳли пайвандони устодон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис ва озмоишгоҳ шинос гардиданд.
Таъмир ва ба истифода додани озмоишгоҳу синфхонаҳои мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар муассиса амалӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳои навтаъсис дар факултети физика, математика ва информатика ба номи математикони варзидаи тоҷик - профессор Раҳмат Акбаров ва профессор Ислом Ғуломов ифтитоҳ ёфта, мавриди истифодаи омӯзгорону донишҷӯён қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҳамин факултет озмоишгоҳи таълимии “Радиотехника” ба номи дотсент Зарифзода Абдукарим ифтитоҳ гардид, ки он барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Фаъолияти ин озмоишгоҳ ба баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Зимни ифтитоҳ раёсати донишгоҳ таъкид доштанд, ки таъсиси чунин синфхонаҳо минбаъд дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ дар назар дошта шуда, ҳадаф аз он табдил додани анъанаи арҷгузорӣ ба заҳмат ва рисолати омӯзгор ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги донишгоҳӣ мебошад.