,
Сешанбе, 03-Феврал
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои олимон дар моҳи январи соли 2026 ба таври васеъ доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ, аъзои Шурои олимон, муовинони ректор, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаю марказҳо, мудирони кафедраҳо, ҷонишинҳои самти таълим, илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултетҳо иштирок намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардории сатҳу сифати таълим ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар масири пуршарафи омоданамоии мутахассисони ҷавон ҷалб намуда, дар ин робита дастуроти мушаххасро ироа дошт.
Дар идома тибқи нақшаи корӣ равандҳои таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ дар маркази таваҷҷуҳи аъзои Шуро қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ оид ба “Ҷамъбасти натиҷаи сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2025-2026 дар таълими рӯзона” баромад намуда, гузориши муфассал дод. Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Камолзода Шодмон оид ба “Натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026” гузориш дод. Ҳамчунин, котиби Шурои олимон Холматов Баҳром “Вазъи иҷрои қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026”-ро шарҳ дода, маълумоти зарурӣ пешниҳод кард.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда бо назардошти натиҷаҳои баромадҳо ва пешниҳодҳои аъзои Шуро қарорҳои дахлдор қабул шуда, ба воҳидҳои сохторӣ барои амалисозӣ ирсол гардиданд. Дар бахши масоили ҷорӣ ҳамчунин пешниҳодҳои муовинони ректор ва роҳбарони раёсатҳо баррасӣ гардида, роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти ташкилӣ муайян карда шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан вазифаҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими раванди таълиму тарбия, боло бурдани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии донишгоҳ, инчунин вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ ба масъулон супориш дод. Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки тамоми фаъолиятҳо бояд мутобиқ ба талаботи замони муосир ва ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф амалӣ карда шаванд.