, Сешанбе, 03-Феврал

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Санаи 31.01.2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн мизи мудаввар ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 баргузор шуд.

Кори мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн, муаллимаи калон Шоҳсанами Ризо оғоз ёфта, мавсуф зимни баромади худ таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро барои солҳои минбаъда муайян менамояд.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи «Аҳамияти Паёми Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистон», муаллими Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб Раҳматзода Файзулло дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахши худшиносии миллӣ» ва донишҷӯи курси якуми факултет Амирбеков Боймуҳаммад дар мавзуи “Паёми Пешво-роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон” маърӯзаҳои худро баромад карданд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён саволу ҷавоб, муҳокима ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштҳои муфид гирифта, баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худшиносии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!