, Сешанбе, 03-Феврал

АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ


АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ

Таърихи 30.01.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва ҳидоятҳои созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, ҳамчунин  дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ифтитоҳи як зумра синфхонаҳои таълимӣ ба номи устодону донишмандоне, ки умри пурбаракати хешро дар роҳи таълиму тарбия ва омоданамоии мутахассисони варзида дар ин боргоҳи илму маърифат гузаронидаанд, сурат гирифт.

Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва аҳли пайвандони устодон иштирок намуда, бо шароити муҳайёшуда дар синфхонаҳои навтаъсис шинос гардиданд.

Таъмир ва ифтитоҳи синфхонаҳои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар муассиса роҳандозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳои мазкур дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика ба номи забоншиноси варзида, дотсент Ғоиб Мирзоев, дар факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ ба номи географи тоҷик, дотсент Баротов Ҷумахон, ҳамчунин синфхонаи таълимӣ бо тамоми шароити зарурӣ дар факултети филологияи хориҷӣ ба истифода дода шуд.

Таъсиси ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо бо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон равона гардида, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди илму маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ин маросим наздикон ва пайвандони устодони номбурда бо эҳсоси ифтихор иштирок намуда, аз ин иқдоми пурмаънои раёсати донишгоҳ, ки ба хотири қадршиносии хизматҳои арзандаи устодону олимони муассиса амалӣ гардидааст, изҳори сипос намуданд.

Зимни ифтитоҳ раёсати донишгоҳ таъкид доштанд, ки таъсиси чунин синфхонаҳо минбаъд дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ дар назар дошта шуда, ҳадаф аз он табдил додани анъанаи арҷгузорӣ ба заҳмат ва рисолати омӯзгор ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги донишгоҳӣ мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!