, Сешанбе, 03-Феврал

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ ДУЮМИ СОЛИ 2025 ДАР ДОНИШГОҲ


НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ ДУЮМИ СОЛИ 2025 ДАР ДОНИШГОҲ

2 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2026 ва дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 30.12.2025, №7/286 нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи дуюми соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма - аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, агентиҳои иттилоотии миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Нишастро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, ҳисоботи муфассалро доир ба фаъолияти донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод кард. Ҳисобот бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) ва омори дақиқ таҳия гардида, самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ - таълим, илм, тарбия, корҳои созандагиву хоҷагидорӣ, равобити байналмилалӣ ва дастовардҳои устодону донишҷӯёнро фаро мегирифт.

Зимни ироаи ҳисобот ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ фаъолияти худро бо такя ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар ин замина, барои тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муассиру мақсаднок амалӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, густариши иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва парвариши насли ихтироъкор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Донишгоҳ ба ҳамгироии илм бо истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат ва омодасозии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди бинои нави таълимии муосир ва хобгоҳи 10-ошёна барои омӯзгорону донишҷӯён бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи замон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ бомаром идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷашни бошукуҳи 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо сарбаландӣ ва ифтихор истиқбол намуд. Ба ин муносибат як силсила корҳои ободониву созандагӣ, иқдомоти фарҳангиву маърифатӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ ба хотири гиромидошти хизмати бисёрсолаи олимон, омӯзгорон ва кормандони собиқу имрӯза роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва бо дарназардошти сабади истеъмолӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсус музди маоши омӯзгорону кормандон ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуд.

Ба истиқболи ҷашни 80-солагӣ бо ибтикори раёсат ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон нашри нави «Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» рӯйи чоп омад, ки дар он таърихи пурифтихор, чеҳраҳои барҷаста ва дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ба таври мукаммал инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин, китоби тозанашри «Фурӯғи андешаҳои офтобӣ» ва шумораи махсуси рӯзномаи «Анвори дониш» бо сифати баланди полиграфӣ ва муҳтавои фарогир ба табъ расиданд.

Дар доираи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илм ва маориф», ки 24 октябри соли 2025 баргузор гардид, маросими ифтитоҳи як қатор синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароити мусоиди таълимӣ  ба номи устодону олимони шинохта дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика баргузор шуд.

Дар ҳошияи таҷлили ҷашни 80-солагӣ 30 нафар олимон, профессорон, собиқ ректорон ва шахсиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо нишони сарисинагии «Ифтихори донишгоҳ» қадрдонӣ гардиданд.

Дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар панҷ факултети донишгоҳ камераҳои мушоҳидавӣ бо сабти овоз насб гардида, дар назди раёсати донишгоҳ “Маркази иттилоотӣ-таҳлилии раванди таълим” таъсис дода шуд. 30 синфхонаи таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо 353 миз ва 706 курсӣ таъмин гардиданд. Дар факултети физика, математика ва информатика чор озмоишгоҳи таълимӣ азнавсозӣ гардида, инчунин озмоишгоҳи инноватсионии «Энергофизика» таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби фаъолонаи кормандони бахши хоҷагӣ 310 адад миз ва 350 адад курсӣ аз ҳисоби мизу курсиҳои корношоям таъмиру тармим гардида, ба ҳолати коршоямӣ баргардонида шуданд. Ин лавозимот ба сифати кумак ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб №№ 5, 6, 11, 20, 22, 25, 40, 51, 53, ки мушкили норасоии мизу курсӣ доштанд, тақдим гардиданд.

Раёсати донишгоҳ ин ташаббусро бо такя ба ҳидоятҳои созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар самти рушди илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Дар ин ҷода тамоми неру ва имкониятҳо барои расидан ба ҳадафҳои муайяншуда сафарбар мегарданд.

Дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Телевизиони Кӯлоб маркази методӣ-таҷрибаомӯзӣ таъсис дода шуданд. Ҳамзамон, 17 нафар донишҷӯ дар доираи барномаҳои табодули академӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сафарбар гардиданд.

Дар самти илм аз 511 нафар омӯзгор 482 нафар (94,3 фоиз) ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар соли 2025 ду рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардида, ҳаҷми маблағҳои ҳавасмандгардонӣ барои дифои рисолаҳо афзун карда шуд. Бо мақсади дастгирии олимону муҳаққиқон ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, раёсати донишгоҳ маблағи ҳавасмандиро аз 1.09.2025 барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ афзун намуд, аз ҷумла  барои дифои рисолаи номзадӣ мукофотпулӣ аз 5000 сомонӣ ба 7000 сомонӣ ва барои дифои рисолаҳои докторӣ аз 7000 сомонӣ ба 20 000 сомонӣ расонида шуд.

Олимону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби патентҳо, дипломҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла, профессор Нодира Ашурова дар конфронси байналмилалии ЮНЕСКО “700 сол бо Ҳофиз”, ки дар шаҳри Парижи Фаронса гузашт, бо суханронии арзишманд иштирок кард. Шарифзода Одинамо Пирназар - н.и.п., дотсент, муовини ректор оид ба тарбия ва Сайдализода Фотима Обид-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии донишгоҳ дар Озмуни байналмилалӣ, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science», воқеъ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар номинатсияи таҳқиқотии «Беҳтарин педагог» сазовори Дипломи дараҷаи I гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Исоева Фариза - докторанти курси 1-уми ихтисоси биология ва Назаров Аминҷон-директори Парки технологии донишгоҳ соҳиби НАХУСТПАТЕНТ ба ихтирои «Дастгоҳи шустушӯйи ғалладона (AгpoTaj)» гардиданд.

Ҳамзамон, омӯзгорони кафедраи химия ва методикаи таълими он Ёрмадов Рустам ва Досаев Суҳроб барои ихтироот соҳиби нахуспатент №Tj 1631 гардиданд.

Хурсандиовар аст, ки дар доираи ҷамъбасти «Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин» дар соли 2025, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон баргузор гардид, рӯзномаи «Анвори дониш» дар номинатсияи «Нашрияи минтақавӣ» сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи I гардид.

Ҳамзамон, дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2025 омӯзгорони донишгоҳ Муродзода Баҳриддин, Шарипов Хуршед ва Бобоев Аъзам дар семинари байналмилалии онлайнӣ таҳти унвони «Омӯзиши касбии виртуалӣ» («Виртуально – профессиональный тренинг») иштирок намуда, пас аз хатми он соҳиби шаҳодатнома (сертификат) гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни баргузории олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ бо ба даст овардани 10 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) дар байни 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ сазовори мақоми сеюм гардид.

Ҳамчунин, хурсандиовар аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 8 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика Рустамзода Мафтуна сазовори ҷойи якум гардид (зери роҳбарии Алишери Абдулмаҷид, н.и.ф., дотсенти кафедраи журналистика). Инчунин, Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» сазовори ҷойи сеюм гардид (зери роҳбарии Шамшоди Ҷамшед, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик).

Шарафи бузург аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо гирифтани 4 ҷой миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихори Донишгоҳро баланд бардоштанд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» Исоева Фариза Муҳаммадҷоновна, магистранти курси дуюми факултети химия ва биология, сазовори ҷойи якум гардид; дар номинатсияи «География» Давлатов Аҳлиддин Асламович, донишҷӯи курси чоруми факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ, ҷойи сеюм-ро ишғол намуд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона Сайфуддинова Омина Баҳромовна, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика-математика, аз рӯйи номинатсияи «Физика ва астрономия», ва Камолзода Муртазо, донишҷӯи курси панҷуми факултети химия ва биология, аз рӯйи номинатсияи «Биология», бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” - Асозода Фарангис, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ дар жанри эстрадии номинатсияи сарояндагӣ сазовори дипломи озмун гардид.

Дар озмуни ҷумҳурияивии “Ҳар кас, ки Шоҳномахонӣ кунад” - Фаттоҳзода Саидадунё - донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус сазовори ҷойи якум гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” – Саидова Нигора, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.

Теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳ 9 894 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 5919 нафар духтарон мебошанд. Дар донишгоҳ 63 ихтисос амал мекунад ва дар соли таҳсили 2025-2026 тибқи ММТ 1619 нафар довталаб қабул гардиданд, ки иҷрои нақшаи қабул нисбат ба соли гузашта 21 фоиз зиёд мебошад.

Дар самти тарбия беш аз 380 чорабинии гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳо 109 медал ба даст оварданд.

Донишгоҳ бо 90 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, бо 4 муассисаи хориҷӣ шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонд. Ҳамзамон, ду лоиҳаи нави грантӣ дар самти рушди таълими забони англисӣ ва таҳқиқоти забоншиносӣ пешниҳод карда шуданд.

Яке аз муваффақиятҳои асосии донишгоҳ дар соли 2025 ҷалби як омӯзгори забони англисӣ аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар факултети филологияи хориҷӣ хонум Кейди Дункан барои як соли таҳсил мебошад.

Дар маҷмуъ, фаъолияти пурсамару ҳамоҳанги коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар заминаи татбиқи марҳила ба марҳилаи «Стратегияи рушди донишгоҳ барои солҳои 2023-2028» ба роҳ монда шуда, барои таъмини рушди устувори соҳаи илму маориф заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Бо такя ба ҳидояту дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷамоаи меҳнатии муассиса самтҳои афзалиятноки фаъолиятро муайян намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти неруи илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омодагии шоиста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои созанда амалӣ менамояд. Бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва заҳмати содиқонаи омӯзгорону донишҷӯён минбаъд низ ба пешрафти устувор ва ободии ин даргоҳи муқаддаси илму маърифат мусоидат хоҳад кард.

Дар қисмати суолу ҷавоб рӯзноманигорон вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби раёсат посухҳои муфассал дарёфт карданд.

Дар анҷоми нишаст ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам зичтар ҷиҳати инъикоси фаъолияти донишгоҳ ва истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Маркази матбуот




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!