, Ҷумъа, 30-январ

ТАҲКИМИ РУҲИЯИ ВАТАНДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ БАҚО ВА УСТУВОРИИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ


ТАҲКИМИ РУҲИЯИ ВАТАНДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ БАҚО ВА УСТУВОРИИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ

Бо чунин ном,  29 январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, сиёсатшинос ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, инчунин устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ ташрифи устод Абдуллоҳи Раҳнаморо ба донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури эшонро дар ҳамоиш нишонаи арҷгузорӣ ба илм, андешаи миллӣ ва таҳкими муколамаи созанда арзёбӣ намуд. Дар зимн таъкид дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамо ва барномаи мукаммали рушди давлатдорӣ аҳли зиёи кишварро вазифадор менамояд, ки арзишҳои худшиносиву худогоҳии миллиро ба меҳвари фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии худ табдил диҳанд.

Зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллат аҳамияти ҳаётан муҳим касб намуда, худшиносии миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ хизмат мекунад. Миллате, ки гузашта ва арзишҳои худро амиқ мешиносад, метавонад ояндаи худро бо иродаи қавӣ ва эътимоди устувор бунёд намояд. Аз ин рӯ, тарғиби худогоҳии миллӣ дар муҳити донишгоҳ на танҳо вазифаи касбӣ, балки рисолати ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҳар як омӯзгор арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин таъкид кард, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдату субот, созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли ояндасоз равона гардидааст.

Дар идома Абдуллоҳи Раҳнамо - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар мавзуи «Таҳкими руҳияи ватандорӣ ва худшиносии миллӣ - омили бақо ва устувории пояҳои давлатдорӣ» суханронии пурмуҳтаво намуд. Зимни суханронӣ ба масъалаҳои муҳим чун аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури давлатдорӣ ва нақши он ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин, арзишҳои соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва ҳифзу гиромидошти он, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома, нақш ва ҷойгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бунёди давлатдории миллӣ, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва иқдомоти созанда, инчунин шоистагиҳои сарварӣ ва фазилатҳои роҳбарии Президенти кишвар ба таври муфассал таҳлил шуданд. Илова бар ин, масъалаи бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, ҳамчунин Маркази байналмилалии Наврӯз мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки тарғиби арзишҳои ватандорӣ ва худшиносии миллӣ бояд бо забони далел, маърифат ва адолати таърихӣ сурат гирад. Арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ, гиромидошти Наврӯз ҳамчун мероси умумибашарӣ ва бунёди марказҳои илмӣ-фарҳангӣ дар пойтахт ҳамчун рамзҳои худогоҳии миллӣ, заминаи мустаҳкам барои муаррифии дурусти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меоранд. Ин равандҳо на танҳо ҳадафи ҳифзи гузашта, балки василаи созанда барои ташаккули шуури миллии насли ҷавон ва таъмини устувории давлатдорӣ дар оянда арзёбӣ гардиданд.

Дар бахши музокираи ҳамоиш дотсентон Холиқзода Сафар, Муродова Гулчеҳра ва Холиқова Зайналбӣ баромад намуда, баргузории ҳамоишро амри саривақтӣ арзёбӣ карда, нақши онро дар тарбияи худшиносии миллӣ ва бедории зеҳнии насли ҷавон муҳим ва муассир хонданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба меҳмони ҳамоиш барои ҳамкориҳои судманд ва иштироки фаъолона Номаи сипос супорида шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!