,
Ҷумъа, 30-январ
Кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайни факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ бо роҳбарии мудири кафедра, муаллими калон Шоҳсанами Ризо, бо донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ ҳамоиши тарбиявию маърифатӣ доир намуд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, зимни он нуктаҳои Паём вобаста ба рушди ҷомеа, тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва саҳми ҷавонон дар пешрафти давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш бо донишҷӯён суҳбати судманд доир гардида, таъкид шуд, ки ҳар як ҷавон бояд нуктаҳои Паёми Роҳбари давлатро ҳамчун сармашқи фаъолияту зиндагӣ қарор дода, дар роҳи таҳкими тартибу низом, риояи қоидаҳои будубош дар хобгоҳ, эҳтироми муқаррароти дохилӣ ва зиндагии дастаҷамъона масъулиятшинос бошад. Ҳамчунин, ба масъалаҳои покизагӣ, интизом, муносибати дуруст бо ҳамдигар ва ҳифзи амволи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш ҳайати кормандони кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн бо нишон додани ташаббуси созанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ озмуни “Беҳтарин хонаи истиқоматӣ”-ро роҳандозӣ намуданд.
Қарор аст, ки натиҷаи озмун дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон ба тариқи зайл қадрдонӣ карда шаванд:
Ин ташаббус қобили дастгирӣ буда, барои дар рӯҳияи покизакорӣ, ободонӣ, масъулиятшиносӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши муассир хоҳад гузошт. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории ҷавононро дар ободии Ватан боз ҳам тақвият мебахшанд.