, Ҷумъа, 30-январ

ДДК. ИҚТИДОРИ ИЛМӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ГРАНТӢ: НАТИҶАГИРИИ ОМӮЗИШҲО


ДДК. ИҚТИДОРИ ИЛМӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ГРАНТӢ: НАТИҶАГИРИИ ОМӮЗИШҲО

Имрӯз, 28.01.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни силсилаи семинарҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Аз идея то грант» баргузор гардид.

Дар давоми ду моҳи охир (декабри соли 2025 ва январи соли 2026) бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва ҷалби коршиноси сатҳи байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Додарбек Сайдалиев, се семинари омӯзишии пайдарпай доир гардид. Дар ин омӯзишҳо беш аз 40 нафар устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Додарбек Сайдалиев, ки таҷрибаи беш аз 25-солаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла USAID, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва СММ дорад, аз фаъолнокӣ ва ҳавасмандии иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ кард. Коршинос таъкид намуд, ки донишгоҳ дорои иқтидори назарраси илмӣ ва кадрӣ мебошад ва бо роҳнамоӣ ва истифодаи дурусти ин имкониятҳо метавон натиҷаҳои илмиро ба лоиҳаҳои амалӣ ва грантҳои воқеӣ табдил дод.

Дар ҷараёни семинарҳо иштирокчиён бо марҳилаҳои асосии кор бо лоиҳаҳо, аз ҷумла дар доираи барномаҳои Horizon Europe ва Erasmus+, шинос гардиданд. Мавзуъҳои калидӣ тарҳрезии лоиҳа, идоракунии молиявӣ ва фандрайзинг (омӯзиши эҳтиёҷоти маҳал ва ҷалби маблағ) буданд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, зимни супоридани сертификатҳо таъкид намуд, ки баргузории чунин омӯзишҳо ҷузъи муҳими сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд. Ректори донишгоҳ зикр кард, ки мақсади мо ин аст, ки ҳар як омӯзгор ва муҳаққиқ дорои малакаи таҳия ва навиштани лоиҳаҳои илмӣ бошад, то донишгоҳ битавонад дар равандҳои рақамикунонӣ ва рушди инноватсионии кишвар саҳми босазо гузорад. Ин ташаббус танҳо оғози кор аст ва дар оянда низ чунин барномаҳо идома хоҳанд ёфт.

Дар қисмати тантанавӣ ба иштирокчиёне, ки дар ҳамаи марҳилаҳои омӯзишӣ фаъолона ширкат варзидаанд, сертификатҳо супорида шуданд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки омӯзишҳои баргузоршуда ба онҳо имкон медиҳанд мустақилона дар порталҳои грантӣ сабти ном намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои худ шарикон пайдо намоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!