, Ҷумъа, 30-январ

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДДК БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2025 ГАРДИД


ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДДК БЕҲТАРИН ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2025 ГАРДИД

Санаи 27-уми январи соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии Театри давлатии “Опера ва балет” ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолони соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ ба амал омада, беҳтарин сохторҳо, муассисаҳо, кормандон, волонтёрон, корофаринҳои ҷавон ва дигар субъектҳои фаъол дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯи номинатсияҳои гуногун бо диплому туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон, шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз рӯи номинатсияи "Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар соли 2025" беҳтарин шуъба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дониста шуда бо Диплом ва туҳфаи таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардро ба ҷомеаи меҳнатии муассиса табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбада ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!