, Ҷумъа, 30-январ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи биология ва методикаи таълими он Ҷурахонзода Саида Ҷурахон дар мавзуи “Мониторинг ва таҳлили муқоисавии шароитҳои метеорологии минтақаҳои иқлимии ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ ва Вахш”, зери роҳбарии номзади илмҳои ҷуғрофӣ, сардори шуъбаи агрометеорологии агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъминов Абдулқосим Оманқулович баргузор гардид.

Дар муҳокима сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулзода Лутфия, декани факултет, дотсент Ҷуразода Шоҳмурод, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, дотсент Бобозода Бахтиёр, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов Аламшо ва ҳайати дотсентону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ, номзади илмҳои физика ва математика, муаллими калон Шарипов Сафаралӣ ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ҷуразода Саида бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!