,
Сешанбе, 27-январ
Имрӯз, 26 январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи ғайринавбатии раёсати муассиса баргузор гардид, ки он дар заминаи ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2026 доир шуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, садорати факултетҳо, роҳбарони сохторҳо, масъулони раёсатҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ректори донишгоҳ масъалаҳои муҳими соҳаи илму маорифро, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидаанд, ба самъи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ расонида, онҳоро ҳамчун самтҳои калидии сиёсати давлатии маориф арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи ҳамаҷониба ва саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот, таҳкими пояҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ дар замири насли наврасу ҷавон вазифаи муқаддас ва уҳдадории касбии ҳар як омӯзгор ва корманди соҳа маҳсуб меёбад. Иҷрои ин вазифаҳо на танҳо рисолати хизматӣ, балки масъалаи шарафу номус ва масъулияти шаҳрвандии аҳли зиё мебошад.
Дар ин замина зарурати тақвияти корҳои тарбиявӣ ҷиҳати парвариши ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва афзал донистани манфиатҳои давлату ҷомеа аз манфиатҳои фардӣ зикр гардид. Ҳамзамон, ба омӯзиши муташаккилонаи забонҳои хориҷӣ, рушди қобилиятҳои касбӣ, ҷалби фаъолонаи донишҷӯён ба мутолиаи китоб, таҳкими муҳити маънавию иттилоотии солим ва тарғиби пайвастаи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ аҳамияти махсус дода шуд.
Дар ҷаласа масъалаи дастгирии ғолибони озмунҳо ва олимпиадаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои камолоти илмӣ ва касбии онҳо, инчунин омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки пайваст намудани таҳсилот бо истеҳсолот ва рушди малакаҳои амалӣ бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ табдил ёбад.
Илова бар ин, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории шоистаи Идҳои миллии тоҷикон- Сада, Меҳргон, Наврӯз ва Тиргон бо риояи анъанаҳои асил ва суннатҳои миллӣ, инчунин зебо намудани муҳити донишгоҳ тавассути корҳои ободонию сабзкорӣ ва баргузории маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳими муассиса арзёбӣ гардид.
Роҳбарияти донишгоҳ ҳамчунин ба баланд бардоштани рӯҳияи ҳифзи марзу буми Ватан, арҷгузорӣ ба хидмати сарбозон, тақвияти муборизаи далелноки мафкуравӣ алайҳи терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба рушди самти «Зеҳни сунъӣ», омода намудани кадрҳо дар соҳаи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, роҳандозии семинарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи барномаҳои марбут ба Ҳукумати электронӣ ҳамчун самтҳои муҳими рушди минбаъдаи донишгоҳ муайян карда шуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки татбиқи пайгирона ва масъулиятноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан дар заминаи ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2026 ва Паёми имсолаи Президенти мамлакат, кафолати рушди устувори муассиса, баланд шудани нуфузи илму маориф ва саҳми арзандаи донишгоҳ дар пешрафти ҷомеа ва давлат хоҳад буд.