, Сешанбе, 27-январ

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ - МАРҲАЛАИ МУҲИМИ ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН


ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ - МАРҲАЛАИ МУҲИМИ ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН

Бо баҳрагирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд бахшидан ба малакаҳои касбӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавони рақобатпазир, имрӯз, 26 январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон конференсияи сафарбарнамоии донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои алоҳида ва чоруми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид.

Дар конференсия муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар, намояндагони садорати факултетҳо, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини тайёрии касбии донишҷӯён ба пешаи омӯзгорӣ ба ҳисоб рафта, он имконият фароҳам меорад, то донишҷӯён донишҳои назариявии аз рӯи ихтисос азбарнамуда ва малакаҳои касбии ҳосилкардаашонро дар шароити воқеии таълиму тарбия санҷанд ва такмил диҳанд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили раванди таълим ба он равона шудааст, ки донишҷӯён ҳамчун мутахассисони оянда донишҳои илмӣ-назариявии худро аз фанҳои тахассусӣ, методикаи таълим, педагогика ва психология дар фаъолияти амалии омӯзгорӣ эҷодкорона истифода бурда, малака ва маҳорати касбии худро рушд бахшанд.

Дар идомаи конференсия сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ ва мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар талаботи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ, тартиби баргузорӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ ба иштирокчиён ба таври муфассал шарҳ доданд.

Дар анҷом кори конференсия бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва методистони тахассусӣ, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ҷамъбаст гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!