,
Ҷумъа, 23-январ
Субҳи 23 январи соли 2026 пас аз бориши шадиди барф дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои дастаҷамъонаи покизакорӣ бо иштироки ҳайати устодон ва кормандони бахши хоҷагии муассиса баргузор гардид.
Иштирокчиён бо истифода аз асбобу анҷомҳои зарурӣ муҳити атрофи донишгоҳро аз барф тоза намуда, бахусус роҳравҳои асосии ҳаракати пиёдагардонро барои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, аз қабили лағжиш ва осеб дидан, ба тартиб дароварданд. Ҳамзамон, дарахтони ҳамешасабз аз барф пок карда шуданд, то ки шохаҳои онҳо аз вазни барфи зиёд осеб набинанд.
Чунин корҳои дастаҷамъона дар назди биноҳои таълимии факултетҳои донишгоҳ низ ба роҳ монда шуда, дар онҳо устодон ва кормандон фаъолона иштирок намуданд. Ин иқдом на танҳо барои таъмини бехатарӣ ва покизагии муҳити таълимӣ, балки ҳамчун намунаи ҳамдигарфаҳмӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.