,
Ҷумъа, 23-январ
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати тадбирҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, имрӯз (22.01.2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо варзишгарон, мураббиёни мактабҳои варзишӣ, ҷавонони бонуфузи шаҳри Кӯлоб ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода дар оғози мулоқот иброз дошт, ки ҳадафи асосии мулоқот бо варзишгарон ва ҷавонони бонуфузи шаҳри Кӯлоб таҳкими ҳамкории милитсия бо ин қишри ояндасози ҷомеа дар ташкили фазои солими ҳуқуқӣ дар мубориза зидди падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Тавре зикр гардид, дар мулоқот асосан се масъла: пешгирии хурофотгароӣ, тафаккури ифротӣ ва бегонапарастӣ, хотима бахшидан ба истеъмолу паҳни воситаҳои нашъадор, махсусан ҳабҳои экстазӣ, психотропӣ ва мадҳушкунанда миёни ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва барҳам додани муноқишаҳо бо истифода аз корд дар байни наврасону ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ мавриди баррасӣ, муҳокима ва таҳлил қарор дода шуда, дар асоси гуфтушуниди созанда роҳҳои ҳалли он пешниҳод гардиданд.
Бо назардошти муҳимияти ин се масълаҳои баррасишаванда сардори мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф зимни маърӯзаи таҳлилӣ ва истифода аз рӯнамо якчанд далелҳои изтиробангезро бо нишон додани расм ва таҳлили оморӣ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳоди иштирокдорон намуд.
Шариф Назарзода иброз дошт, ки мақомоти марбутаи давлатӣ дар самти ҳаллу фасл кардани дархостҳои ҷавонон омода буда, баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи дастгирии ҷавонон тамоми чораҳои заруриро таҳия ва амалӣ менамояд. Зимнан, дар навбати худ аз иштирокдорони вохӯрӣ тақозо карда шуд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, хурофотпарастӣ ва ифротишавии мафкураи насли наврас ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроту падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳмгузор бошанд.
Зеро гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон худро ӯҳдадор намудааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат падидаҳои халалдоркунандаи солимии ҷомеа ва хонаводаҳоро дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо варзишгарон, мураббиёни мактабҳои варзишӣ, ҷавонони бонуфузи шаҳр ва дигар ниҳодҳои дар тарбияи ҳуқуқии ҷомеа масъул куллан бартараф намуда, дар муаррифии шоистаи ва аз лиҳози маърифати ҳуқуқӣ намунавӣ гардонидани шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошад.
Дар қисмати дигари мулоқот аз ҷониби иштирокдорон низ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои дар рафти мулоқот назди ҷавонони шаҳри Кӯлоб гузошташуда ва пешбурди ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия таклифҳои судманд ба миён гузошта шуд.