,
Чоршанбе, 21-январ
Бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб миёни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб озмуни маърифатии “Доноякон” баргузор гардид. Дар ин озмун, ки ҳадафаш дарёфт ва рушди истеъдодҳои зеҳнии кӯдакон мебошад, тарбиятгирандагони беҳтарин маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ҷамъбасти озмун Саидзода Аниса Қурбоналӣ-тарбиятгирандаи Кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо нишон додани донишу заковати баланд сазовори ҷои аввал гардид.
Ин пирӯзӣ дастоварди назарраси Кӯдакистони “Ситора” маҳсуб ёфта, самараи заҳмати пайвастаи мураббиён, дастгирии падару модарон ва муҳити солими таълиму тарбия дар муассисаи назди донишгоҳро бозгӯ мекунад. Ғолибияти Саидзода Аниса бори дигар собит месозад, ки кӯдакистони назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи насли босавод, эҷодкор ва ояндасоз нақши муассир дорад.