, Чоршанбе, 21-январ

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД


КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили донишу маҳорати омӯзгорон ва мутобиқсозии фаъолияти таълимӣ ба талаботи замони муосир “Курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ”-ро роҳандозӣ намудааст.

Ин курс барои 100 нафар омӯзгорон аз рӯи равияи ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ пешбинӣ гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди захираҳои инсонӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-педагогӣ ва такмили раванди таълиму тарбия арзёбӣ мешавад.

Курси мазкур бо ҷалби олимону донишмандон ва мутахассисони варзида баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими илмӣ-назариявӣ ва амалӣ, усулҳои муосири таълим, роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, инчунин навгониҳои соҳаи ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Дар идомаи курс барои пешбурди машғулиятҳо устодони шинохта - Назарзода Сайфуддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходими Институти забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Хоҷаев Давлатбек, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани пазироӣ устодони гиромиро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, барои пазириши даъват ва ташриф овардан ба ин боргоҳи илму маърифат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҷалби олимони соҳибтаҷриба ба раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба баланд гардидани сатҳи касбии ҳайати омӯзгорон, ғанӣ гардидани таҷрибаи илмӣ-амалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат мекунад. Ишора рафт, ки ҳузури устодон дар раванди баргузории машғулиятҳо  заминаи мусоидро барои рушди тафаккури илмӣ ва навсозии усулҳои таълим фароҳам меорад.

Ҳаминтавр, тибқи нақша рӯзҳои 19-20 январи соли 2026 профессор Назарзода Сайфуддин дар робита ба масъалаҳои ҳамгунсозии истилоҳот дар соҳаи илм, инчунин масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ курс-лексия хонда, ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Ҳамзамон профессор Хоҷаев Давлатбек дар мавзуъҳои таърихи афкори забоншиносии тоҷикӣ ва масъалаҳои наҳвшиносӣ баромад намуда, паҳлуҳои муҳими ин равандҳоро дар заминаи таҳқиқоти муосири илмӣ шарҳ дод.

Зимни дарсҳо устодон бо истифода аз мисолҳои равшан, таҳлили маводи илмӣ ва баррасии таҷрибаи амалии омӯзгорон маълумоти ҷолибу асоснок пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд. Ин машғулиятҳо аз ҷониби шунавандагон бо таваҷҷуҳи зиёд истиқбол гардида, ҳамчун омили муҳими такмили ҷаҳонбинӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбӣ арзёбӣ шуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!