,
Чоршанбе, 21-январ
Дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои он, мулоқоти корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбута ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, дар он масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, паҳншавии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва тақвияти тарбияи ҳуқуқиву маърифатии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот намояндагони сохторҳои масъул дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷомеа, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолон, вакилон ва ҳайати устодону кормадони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар мулоқот сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зикр дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии воситаҳои нашъадор, махсусан ҳабҳои экстазӣ, барӯйхатгирии ҷавонони бекор ва сипас дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута таъмин намудан ба ҷои кор гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати кормандони милитсия, нозирони минтақавӣ, раисони ҷамоатҳо ва кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони маҳал ва нафарони обрӯманди минтақаҳо созмон дода шуда, барои корбарӣ байни аҳолӣ сафарбар карда мешаванд.
Тавре гуфта шуд бо назардошти эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ" бо мақсади аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», аз ҷониби милитсияи Хатлон маҷмӯи чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз амалинамоии чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ин пешгирии ифротгароӣ, мубориза зидди таҳмили фарҳанги бегона ва тафаккури ғайримиллӣ, ҳамзамон мафкурасозии миллӣ, ки яке аз омилҳои нигаҳдории солимии хонаводаҳо ва ҷомеа дониста мешаванд, иборат аст.
Дар идомаи мулоқот роҳбари мақомоти милитсия вилоят ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози андеша намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, то худро бетараф нагирифта ҷиҳати муборизаи беамон бо унсурҳои халалдоркунандаи тартибот бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Чуноне иброз гардид ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як сокини шаҳр вобастагии калон дорад.
Шариф Назарзода ҳамзамон бо изҳори таассуф аз пайравии ҷавонон ба рафтору гуфтори ғайритоҷикона ва даҳҳо падидахои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ сухан карда, таъкид намуд ки баҳри пешгирии чунин омили номатлуб ҳар як нафар бояд саҳмгузор бошанд.
Роҳбари мақомоти милитсияи вилоят дар идомаи маърӯза оид ба дигар масъалаҳои доғи рӯз ба монанди беназоратии волидайн нисбати тақдири ояндаи фарзандон, монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмии миёнаи умумӣ, доман паҳн намудани бемории сироятшавандаи ВНМО, афзоиши ҳолатҳои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ баромад намуд.
Дар қисмати дигари мулоқот ҳамчунин иштирокдорон суханронӣ намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ, аз байн бурдани бетарафӣ дар ҷомеа, муборизаи муштарак дар пешгирӣ зидди ифротишавии ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба нигаҳдории солимии хонаводаҳо суханронӣ намуданд.