, Чоршанбе, 21-январ

ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БО ҶОМЕАИ ОМӮЗГОРОН ВА РӮЗНОМАНИГОРОНИ КӮЛОБ


ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БО ҶОМЕАИ ОМӮЗГОРОН ВА РӮЗНОМАНИГОРОНИ КӮЛОБ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакоӣ вохӯрии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дотсент Зинатуллоҳ Исмоилзода дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо устодону омӯзгорон ва рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори ҷамъомад ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, устодону омӯзгорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳӣ ташрифи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, баргузории чунин вохӯриро ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми роҳнамову ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи устодону омӯзгорон судманду самарабахш арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки Паёми Роҳбари давлат барои ҳар фарди худшиносу худогоҳ дастури зиндагӣ ва фаъолияти созанда буда, ҷомеаро ба сӯи фардои мунаввару босаодат раҳнамун месозад.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, зимни суханронӣ нуктаҳои Паёми Президенти кишварро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва нақши расонаҳо дар ҷомеа ибрози назар намуд. Ӯ аз рӯзноманигорон ва аҳли зиё даъват ба амал овард, ки дар роҳи тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат фаъолона саҳм гузоранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки рӯзноманигорони касбӣ бояд бо омода намудани матолиби ҷолибу хонданӣ, таҳлилҳои амиқ ва маводи таъсирбахш сиёсати давлату ҳукуматро ба таври дуруст, возеҳ ва фаҳмо ба ҷомеа расонанд, ба муқобили иттилооти ғалату таҳрифшуда устувор бошанд ва масъулияти баланди касбиро ҳамеша дар мадди аввал қарор диҳанд.

Дар идома муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад ва дотсенти кафедраи журналистикаи донишгоҳ Худойдодова Шарофат Зардовна суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карданд. Зимни баромадҳо ба ҷойгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун маркази муҳими омоданамоии мутахассисони соҳаи журналистика таъкид намуда, саҳми он дар тарбия ва ба камол расонидани кадрҳои баландихтисос муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакоӣ ба Зинатуллоҳ Исмоилзода ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи журналистика сипоснома тақдим гардид. Ҳамчунин як гурӯҳ устодону омӯзгорон ва рӯзноманигорон бо сипосномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ба аъзои нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шаҳодатномаи узвият тақдим карда шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!