, Чоршанбе, 21-январ

ТАВАҶҶУҲ БА БАЛАНДБАРДОРИИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН


ТАВАҶҶУҲ БА БАЛАНДБАРДОРИИ МАЛАКАҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбият ва такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассиса “Курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ”-ро роҳандозӣ намудааст. Ин курс барои 100 нафар омӯзгорон аз рӯи равияи ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ пешбинӣ шуда, қадами муҳим дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва такмили раванди таълиму тарбия ба шумор меравад.

Курси мазкур бо ҷалби олимону донишмандон ва мутахассисони варзида баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими илмӣ-назариявӣ ва амалӣ, усулҳои муосири таълим, инчунин навгониҳои соҳаи ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Иштироки олимону коршиносон имкон фароҳам меорад, ки омӯзгорон аз таҷрибаи пешқадам ва дастовардҳои нави илмӣ бархӯрдор гарданд.

Имрӯз 17.01.2026 машғулияти нахустини курс аз ҷониби директори Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб, дотсент Рустамшозода Шаҳбоз Рустамшо оғоз гардида, номбурда доир ба низоми салоҳиятнокӣ ва тарзу усули гузаронидани дарсҳо суханронӣ намуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда, минбаъд роҳандозии чунин курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ҳамасола ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди касбии пайвастаи омӯзгорон ва мутобиқ намудани раванди омӯзиш ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!