, Ҷумъа, 16-январ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар дотсенти кафедра Қурбонзода Рудоба дар мавзуи “Корбасти этнонимҳо дар “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ” ва муаллими калони кафедра Бобозода Бахтовар дар мавзуи “Мулоҳизаҳо перомуни омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

Мавзуъҳои пешниҳодшуда дорои муҳтавои илмӣ ва аҳамияти амалӣ буда, миёни иштирокчиён мубоҳисаву мулоҳизаҳои судманд ба миён оварданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!