, Якшанбе, 11-январ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 8 январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони «Амалишавии қонунгузорӣ оид ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ» баргузор шуд.

Дар кори семинар сардорои раёсату шуъбаҳо ва деканҳои факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Тибқи барнома, нахуст ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр баромад намуда, вобаста ба қабул ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳ барои амалисозии меъёрҳои қонунгузории соҳа шароити мусоид фароҳам буда, нақшаи дастурамалҳои коргузорӣ ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Ҳамзамон, ба масъалаи саривақт баррасӣ ва посух додани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиёни семинар ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва беҳтар намудани иҷрои чорабиниҳои соҳавӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. Семинар бо мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб анҷом ёфт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!