,
Панҷшанбе, 08-январ
Санаи 3 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни натиҷагирии фаъолияти муассиса дар соли 2025, дастовардҳои назарраси ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи васеъ, самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоию идории донишгоҳ баррасӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардиданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ саҳми арзандаи донишҷӯён дар рушди нуфузи донишгоҳ махсус таъкид гардид. Донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли ин чорабиниҳо, бо сипосномаҳо ва мукофотпулӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Ин иқдом бо баҳрагирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ҳамчун нишонаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод арзёбӣ гардида, барои боз ҳам тақвияти фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва варзишии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Дастовардҳои онҳо далели равшани дурахши илму ҳунар ва самараи сиёсати дурандешонаи донишгоҳ дар самти тарбияи мутахассисони соҳибкасб ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ бо дарназардошти ба тасвиб расидани Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 1 январи соли 2026 оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», аз ҷониби масъулон вобаста ба ташреҳи талаботу навгониҳои низомномаҳои озмунҳо, тарғибу ташвиқи омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба, иштироки фаъол ва касби ҷойҳои намоён суханронӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо ба тақвияти фаъолияти илмӣ ва эҷодии муҳассилин мусоидат намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.