,
Панҷшанбе, 08-январ
Имрӯз, 3-юми январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, устодону кормандон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои иҷтимоию идории донишгоҳ дар соли 2025 мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо ва шуъбаҳо, инчунин ҳайати васеи профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи ҳисобот фаъолияти муассисаро дар соли 2025 бо таҳлили амиқу ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои назарраси таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, густариши робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободонию хоҷагидорӣ, инчунин муваффақиятҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамзамон дар мусобиқаҳои варзишӣ ёдовар гардиданд.
Зимни суханронӣ, ректори донишгоҳ бо зикри таҷрибаҳои муваффақ ва ҳамзамон камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқ ба дурнамои рушди соҳаи илму маорифи кишвар, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ барои марҳилаҳои минбаъда масъалагузориҳои мушаххасу судмандро пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки соли 2025 барои донишгоҳ соли пурмаҳсул ба ҳисоб рафта, дар самти баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникӣ тадбирҳои муҳим ва корҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва идории донишгоҳ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, зимни баррасии дурнамои фаъолияти муассиса дар соли 2026, дар фарҷоми суханронии худ таъкид намуданд, ки зарфият, тавоноӣ ва имкониятҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз дастовардҳои кунунӣ фарохтар буда, аз ҳар як узви ҷомеаи донишгоҳ тақозо мегардад, ки бо масъулияти бештар фаъолият намоянд.
Дар ин замина, зарурати тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии матни лексияҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон, хусусан омӯзгорони ҷавон, кашф ва дастгирии истеъдодҳои нав, тақвияти фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, инчунин таҳкими дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагон ба зинаҳои магистратура ва докторантура, ҳамчун вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар бахши музокирот номзади илмҳои кимиё, дотсент Холиқзода Сафар, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сайдалиев Додарбек, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд ва баромад намуда, ҳисоботи ректори донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Онҳо таҳлилҳоро амиқу фарогир, дурнамои фаъолияти донишгоҳро бо дарназардошти пешниҳодҳои ироагардида мубрам, саривақтӣ ва судманд донистанд.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор профессорону омӯзгорон, устодону кормандони донишгоҳ барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҳимояи муваффақонаи рисолаҳои илмӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ҳамчунин донишҷӯёни ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ бо «Сипоснома» ва мукофотпулии Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.