, Панҷшанбе, 08-январ

МАОРИФ ВА САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


МАОРИФ ВА САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун санади муҳимми сиёсиву барномавӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, вазифаҳои стратегӣ ва афзалиятҳои рушди кишварро муайян менамояд. Паёми навбатӣ, ки 16 декабри соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дорои аҳаммияти хос буда, дар он масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар миёни ҳамаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ, соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон мавқеи калидӣ касб намуд. Пешвои миллат бо таҳлили амиқи вазъи ҷаҳонӣ ва равандҳои муосир таъкид карданд, ки бе рушди маориф расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Маориф асоси пешрафти давлат ва сармояи боэътимоди миллат мебошад», ки ин суханон аҳаммияти ҳаётии соҳаи маорифро бозгӯ менамоянд.

Президенти кишвар дар Паёми худ борҳо таъкид намуданд, ки пешрафти ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат, фарҳанг ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳони муосир давлатҳое пешсафанд, ки ба сармояи инсонӣ, яъне ба тарбия ва таълими насли наврас, таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина бо итминон иброз доштанд: «Ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобастагии мустақим дорад». Ин андеша далели равшани он аст, ки маориф на танҳо соҳаи иҷтимоӣ, балки соҳаи тақдирсоз барои таҳкими маънавияти миллат ва дар ин замина таъмингари рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника ва рақобати шадиди байналмилалӣ танҳо он кишварҳо метавонанд мавқеи устувор дошта бошанд, ки низоми маорифи онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи технологияҳои нав, саноатикунонии босуръат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бидуни мутахассисони баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, навсозии барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар раванди таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи соҳаи маориф арзёбӣ гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳими дар Паём зикршуда нақши омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат омӯзгорро шахсияти калидӣ дар ташаккули инсон, ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ахлоқӣ ва маънавии насли наврас мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Мақоми омӯзгор дар ҷомеа бояд ҳамеша баланд бошад, зеро маҳз онҳо ояндаи миллатро месозанд». Ин таъкид масъулияти бузурги омӯзгоронро дар назди ҷомеа боз ҳам равшан намуда, зарурати эҳтиром ва дастгирии онҳоро таъкид мекунад.

Дар идомаи Паём Пешвои миллат ба масъалаи беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки давлат минбаъд низ барои баланд бардоштани маош, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои касбӣ барои омӯзгорон тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро омӯзгори боғайрату соҳибтахассус метавонад насли босавод, худшинос ва ватандӯстро тарбия намояд.

Дар Паёми Президенти кишвар ҳамчунин масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Пешвои миллат зикр намуданд, ки таҷҳизонидани синфхонаҳои мактабҳо бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир, ташкили озмоишгоҳҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои таълими рақамӣ метавонад сифати таҳсилотро ба марҳилаи нав бардорад. Чунончи «Хароҷот барои соҳаи маориф хароҷот не, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст», ки ин андеша аҳаммияти стратегӣ доштани ҳар як маблағгузорӣ ба соҳаи маорифро тасдиқ менамояд.

Ҳамзамон, ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат муаррифӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҷавонони соҳибилм, бофарҳанг, дорои касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии муосир метавонанд рушди минбаъдаи кишварро таъмин намоянд. Дар ин замина таъкид гардид, ки вазифаи асосии низоми маориф на танҳо додани дониш, балки тарбияи шахсияти худшинос, ватандӯст, масъулиятшинос ва содиқ ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳаминтавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун омили асосии рушди устувор ва амнияти зеҳнии кишвар хизмат мекунад. Таъкид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии низоми маориф ба талаботи замон, тақвияти нақши омӯзгор ва беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ нишон медиҳад, ки давлат ба сармояи инсонӣ ҳамчун сармояи стратегӣ менигарад. Ин равиш имкон медиҳад, ки ҷомеа ба мушкилоти ҷаҳони муосир бо дониш, маърифат ва тафаккури нав ҷавобгӯ бошад.

Дар маҷмӯъ, мазмуни Паём равшан месозад, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба сатҳи дониш ва маърифати насли наврас сахт пайванд дорад. Бо тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир, маориф метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соҳаи маориф вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор, масъули соҳа ва умуман тамоми ҷомеа ба шумор меравад.

Чолова Майрамбӣ, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!