, Чоршанбе, 31-декабр

ХУШХАБАР!


ХУШХАБАР!

Ба наздикӣ китоби номзади илмҳои биологӣ, дотсент, декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷӯразода Шоҳмуроди Ҷӯра таҳти унвони «Alium (Пиёз) (тасниф ва тавсифи биологӣ») тавассути КВД «Матбаа» дар ҳаҷми 5 ҷузъи чопӣ рӯйи нашрро дидааст, ки муҳарририи онро Ҷумъахон Алимӣ-доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба уҳда дошт.

ДАР ТАВСИФИ КИТОБ

Китоб ба тасниф ва тавсифи биологии пиёз (Alium) бахшида шудааст. Пиёз (лотинӣ: Allium, маънояш "сирпиёз") як ҷинси растаниҳои алафии дусола ва бисёрсола аст, ки дар зероилаи Allioideae-и оилаи Amaryllidaceae-и қатори Asparagales тасниф шудааст. Мувофиқи рӯйхати растаниҳо, ин ҷинс зиёда аз 900 намудро фаро мегирад.

Намояндагони ин ҷинс дар чаманзорҳо, даштҳо ва ҷангалҳо мерӯянд. Эдуард Регел саҳми назаррасе дар таксономияи ин ҷинс гузошта, ду монография (1875, 1887) нашр кард, ки дар он зиёда аз 250 намуди қаблан тавсифнашуда номбар шудаанд.

Номи илмии лотинии додаи Карл Линней, allium, аз номи лотинии «сирпиёз» гирифта шудааст, ки эҳтимолан бо калимаи келтии all, ки маънояш "гарм" аст, алоқаманд аст; мувофиқи фарзияи дигар, он аз halare гирифта шудааст, ки маънояш "бӯй кардан" аст.

Пиёзчаҳо моддаҳои нитрогенӣ (то 2,5%), қандҳои гуногун (10-11%) (глюкоза, фруктоза, сахароза, малтоза), полисахарид инулин, фитин, флавоноид кверсетин ва глюкозидҳо, равғанҳо, ферментҳои гуногун, намакҳои калсий ва фосфор, фитонсидҳо, кислотаҳои лимуӣ ва маликӣ, витаминҳои A A (3,75 мг%), B1 (60 мг%), B2 (50 мг%), PP (0,20 мг%), C (10,5-33 мг%) доранд.

Мундариҷаи китоб ба тариқи зайл бандубаст шуда, бахшу фаслҳои зеринро фаро мегирад: «Пешгуфтор»; «Хусусиятҳои биологӣ ва истифодаи дорувории пиёзи анзур (Allium altissimum Regel)»; «Истифодаи пиёз дар тибби халқӣ»; «Таъсири манфии пиёз»; «Фоидаҳои шарбати пиёз барои низоми масуният»; «Хосиятҳои аҷоиби пиёз»; «Баъзе намудҳои пиёз»; «Ниҳолҳои пиёз ва усулҳои нави парвариш»; «Адабиёт».

Китоб барои ботаникҳо, биологҳо, растанипарварон, омӯзгорону донишҷӯёни тахассуси силсилафанҳои марбут ба «биология» ва ҳамаи шахсони манфиатманд муфид буда метавонад.

ДОИР БА МУАЛЛИФ

Ҷӯразода Шоҳмурод Ҷӯра (тав. 11.06.1979, н.Кӯлоб, аз оилаи зиёӣ), номзади илмҳои биологӣ. Аълочии маориф ва илми ҶТ (2021). Хатмкардаи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2001). Таҳсил дар мактаби миёнаи №10 н.Кӯлоб (1986-1996), донишҷӯ (1996-2001), муаллими фанни биологияи МТМУ-и №24 н.Кӯлоб (2002-2004), омӯзгори кафедраи ҷуғрофияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2004-2009), аспиранти таълими ғоибонаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ (2008-2012), и.в. ёвари ректори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2009), ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети ҷуғрофия ва туризми ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2009-2010), методисти таълими ғоибонаи факултети ҷуғрофия ва туризми ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2010), муаллими калони кафедраи биологияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2011), мутахассиси раёсати таълим (2015), и.в. декани факултети химия, биология ва ҷуғрофия (2015-2016), мутахассиси шуъбаи тайёрӣ (2018), и.в.мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он (2020 то 2022). Аз соли 2022 то 2025 мудири озмоишгоҳи биотехнологияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, аз июли 2025 декани факултети химия ва биологияи ДДК ба номит А.Рӯдакӣ.

Муаллифи 1 монография, 7 дастури таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ.

«Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2021), бо чандин “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳо қадр карда шудааст.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!