,
Чоршанбе, 31-декабр
Санаи 30.12.2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиш доир ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Кори ҳамоиш бо сухани декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб оғоз гардида, зимнан таъкид дошт, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, таъмини амният, волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар кишвар, дастгирии соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донишандузӣ, маърифатнокӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии занону ҷавонон, ба вазифаҳои роҳбарикунада таъйин намудани онҳо яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Сипас, Шоҳсанами Ризо, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн дар мавзуи “Хусусиятҳои роҳнамоии Паёми Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ”, Абдулаҳадова Умеда, магистранти курси дуюми факултет дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - заминаи нави рушди миллӣ”, Одиназода Муҳайё, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Паём-роҳнамои мо ҷавонон” маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо саҳми фаъоли ҳар шаҳрванд имконпазир буда, омӯзгорон дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши калидӣ доранд.