, Душанбе, 29-декабр

ПАЁМ-РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ


ПАЁМ-РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

Таҳти чунин унвон, имрӯз 29 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрии судманди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф Саид бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиши маърифатӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар Аюб, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидмуъминзода Фирӯз, ҳайати маъмурию омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро дотсент Аюбзода Сафар Аюб ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тафаккури ватандӯстона ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии ҷавонон нақши муассир доранд. Донишгоҳ ҳамчун муассисаи ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон вазифадор аст, ки дар заминаи Паёмҳои солонаи Пешвои миллат ба тарбияи шаҳрвандони худогоҳу содиқ саҳмгузор бошад.

Сипас, Ҳакимзода Шариф Саид ва Саидмуъминзода Фирӯз дар суханрониҳои худ нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, онро ҳамчун санади раҳнамо барои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ намуданд. Зимни баромадҳо ҳамчунин аҳамияти сафарбарсозии ҷавонон ба корҳои созанда ва омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар анҷом иштирокчиён иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳо дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!