,
Душанбе, 29-декабр
Имрӯз, 29.12.2025, дар доираи ҷамъбасти “Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин”, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон баргузор гардид, рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дастоварди назаррас ноил шуд.
Тибқи натиҷаҳои озмун рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар номинатсияи «Нашрияи минтақавӣ» сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1 гардид.
Ин дастовард маҳсули заҳмати пурмасъулият ва фаъолияти муназзами ҳайати эҷодии рӯзнома буда, дар айни замон самараи таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва арҷгузории заҳмат аз ҷониби ташкилкунандагони озмун мебошад, ки дар маҷмуъ барои инъикоси ҳамаҷонибаи ҳаёти илмию таълимӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии давлат мусоидат намудааст.
Раёсати донишгоҳ ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Анвори дониш» бо истифода аз фурсат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи соҳаи матбуот изҳори сипос менамоянд.
Итминон дорем, ки ин қадрдонӣ барои фаъолияти минбаъдаи рӯзнома такони ҷиддӣ бахшида, дар роҳи тарғибу ташвиқи илму маърифат, худшиносии миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ саҳми он боз ҳам бештар хоҳад гардид.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастоварди арзишмандро ба ҳайати эҷодӣ ва тамоми ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ самимона шодбош гуфта, таманно менамояд, ки минбаъд низ рӯзнома бо фаъолияти пурмаҳсулу созанда дар роҳи тарғибу ташвиқи илму маърифат, арзишҳои миллӣ ва сиёсати фарҳангии давлат саҳми боз ҳам арзанда гузорад.