,
Ҷумъа, 26-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи охирони Шурои олимон дар соли таҳсили 2025-2026 баргузор шуд. Дар кори ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ, аъзои Шурои олимон, роҳбарони раёсатҳо, мудирони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулони дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар баррасии масъалаҳои рӯзнома равандҳои муҳими таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ дар маркази таваҷҷуҳи аъзои Шуро қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Исуфзода Дилшод оид ба “Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети физика, математика ва информатика” баромад намуда, гузориши муфассал дод. Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Лутфия оид ба “Вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидани солҳои 2025-2030, (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2025, №911) дар донишгоҳ” гузориш дод. Ҳамчунин, сардори раёсати молия ва муҳосибот Гадоев Зокир “Ҳисоботи фаъолияти молиявии донишгоҳ дар соли 2025 ва тасдиқи лоиҳаи сметаи хароҷотӣ барои соли 2026”-ро шарҳ дода, роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра оид ба “Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои омӯзгорӣ ва фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ” маълумоти зарурӣ пешниҳод кард.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда бо назардошти натиҷаҳои баромадҳо ва пешниҳодҳои аъзои Шуро қарорҳои дахлдор қабул шуда, ба воҳидҳои сохторӣ барои амалисозӣ ирсол гардиданд. Дар бахши масоили ҷорӣ ҳамчунин пешниҳодҳои муовинони ректор ва роҳбарони раёсатҳо баррасӣ гардида, роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти ташкилӣ муайян карда шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан вазифаҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими раванди таълиму тарбия, боло бурдани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии донишгоҳ, инчунин вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ ба масъулон супориш дод. Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки тамоми фаъолиятҳо бояд мутобиқ ба талаботи замони муосир ва ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф амалӣ карда шаванд.