,
Чоршанбе, 24-декабр
Дар кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар мудири кафедра, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон дар мавзуи “Афзалиятҳои рушди давлат дар Паёми Пешвои миллат”, муаллими калони кафедра Назаров Бахтиёр дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси таҳия, қабул ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ассистенти кафедра Аҳмедов Р. дар мавзуи “Аҳамияти далелҳои шайъӣ дар ҳалли парвандаҳои мурофиавии суди ҷиноятӣ” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.
Мавзуъҳои пешниҳодшуда дорои муҳтавои илмӣ ва аҳамияти амалӣ буда, миёни иштирокчиён мубоҳисаву мулоҳизаҳои судманд ба миён оварданд.