, Душанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Аз ҷониби кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим» баромад намуда, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки ин ташаббусҳо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидаанд.

Ҳамчунин, номзади илмҳои география, муаллими калони кафедра Бобоев Неъмат дар мавзуи «Криосфера ва ҳифзи пиряхҳо» маърӯза намуда, ба масъалаҳои коҳишёбии пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба низоми табиии криосфера ва паёмадҳои он барои амнияти экологӣ ва захираҳои оби тоза таваҷҷуҳ зоҳир кард. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудааст, ки ин иқдом аҳамияти ҷаҳонии масъалаи криосфера ва нақши Тоҷикистонро дар ҳалли он бозгӯ мекунад.

Дар ҷамъбасти семинар таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ ба таҳкими донишҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорон аз масъалаҳои муосири география, экология ва иқлим, инчунин татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳити илмӣ мусоидат намуда, барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи устувор фароҳам меорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!