,
Душанбе, 22-декабр
Таҳти ин унвон, имрӯз (20.12.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафаи муассиса Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Кори Конференсия дар толори маҷлиси Донишгоҳ бо шунидани Суруди миллӣ оғоз гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳайти профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Камолзода Шодмон, зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромиро ба ин боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс оғоз бахшид. Зимнан таъкид намуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат масъалаҳои рушди илму маориф ҳамчун яке аз омилҳои калидии таҳкими амнияти миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Ба андешаи ӯ, дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир, густариши фазои иттилоотӣ ва зуҳури таҳдидҳои нави сиёсиву идеологӣ, маҳз илми муосир, маориф ва ташаккули тафаккури илмӣ метавонанд ҷомеаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намоянд.
Иброз гардид, ки Пешвои миллат дар Паём ба масъалаи боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа, омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди технологияҳои нав, рақамикунонии соҳаҳои ҳаётан муҳим ва истифодаи самараноки иқтидори зеҳнии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Дар идома, тибқи барномаи конференсия Сайдалиев Додарбек, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафа, дар мавзуи «Маблағгузории илм дар шароити ҷаҳонишавӣ: грантҳои байналмилалӣ, фондҳои хусусӣ ва дастгирии давлатӣ» маърӯза намуда, ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат оид ба зарурати тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникии соҳаи илм, ҷалби сармоягузорӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалӣ истинод овард.
Ҳамчунин, Раҳмонов Ҳомид, номзади илмҳои физика-математика, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи «Нақши илму маориф дар таъмини амнияти иттилоотӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуда, таъкид кард, ки масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ, ҳифзи фазои иттилоотӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар қисмати музокирот дотсентон Шарифзода Одинамо, Холиқзода Сафар, муаллими калони кафедраи фалсафа Зайналов Қурбон ва шоир Даврони Айниддин баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба робитаи илму маориф бо амнияти миллӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, пешгирии ифротгароӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баён карданд.
Дар ҷамъбасти конференсия таъкид гардид, ки ташкили чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ, ки дар онҳо мубодилаи дониш, таҷриба ва андешаҳои илмӣ сурат мегирад, дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва илмии ҷомеа ва таҳкими пояҳои амнияти миллӣ нақши муассир доранд.