, Шанбе, 20-декабр

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ


ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ

(ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ташаббусҳои глобалӣ” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, садорати факултетҳо, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо пахши Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати иштирокчиёни ҳамоишро барои расидан ба санаи муҳиму таърихӣ, тантанаи истиқлоли давлатӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвар, яъне ироа гардидани Паёми навбатии Пешвои маҳбубу илҳомбахши миллат табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки муҷиби ифтихор ва шарафи мардуми тоҷик аст, ки ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2025, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир гувоҳи он аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва махсусан минтақа, хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои вуруд ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо истиқболи гарму самимии мардуми кишвар рӯ ба рӯ гардид, фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар марҳалаи нави рушди мамлакат буда, масъалаҳои рушди устувори иқтисод, таҳкими сиёсати иҷтимоӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди илму маориф, дастгирии занону ҷавонон, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосирро ба таври мушаххас дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар Паёми имсола ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии тамоми фаъолиятҳо, беҳтар намудани заминаҳо баҳри таҳсили фарогир, ахлоқи ҷамъиятӣ, тарбияи инсони комил, эҳтироми падару модар ва боло бурдани мақому манзалати зан-модар ҳамчун пояи устувори ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, андешаву роҳнамоиҳои ҳакимонаву ояндасози Пешвои миллат ҷомеаро ба сӯйи худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, зиндагии шоиста ва рушди инсонгароёна ҳидоят менамоянд.

Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш маърӯзаҳои Расулзода Лутфия-дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзуи “Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтиссодии давлат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Абдуллоев Насрулло-дотсенти кафедраи фалсафа дар мавзуи “Паём роҳнамои ояндасоз дар масири худшиносӣ” ва Яқубзода Фируз-дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Нақши Президент дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа” маърӯза намуданд.

Дар бахши музокирот дотсентон Зулфиев Гадомад ва Акбарзода Маҳрамбӣ баромад намуда, вобаста ба муҳтавои маърӯзаҳо ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён карданд. Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки Паём ҳамчун санади стратегии давлатдорӣ на танҳо барои сохторҳои давлатӣ, балки барои аҳли илм, маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, таҳкими таҳлили илмии равандҳои давлатдорӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи илмӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои рушди устувор ва ояндасоз нақши ҳалкунанда мебозад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!