, Ҷумъа, 20-март

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "РАВОНШИНОС"


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "РАВОНШИНОС"

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Равоншинос"-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Дар рафти маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯи курси сеюми ихтисоси равоншиноси амалӣ Ҷурахонзода С дар мавзуи “Мафҳуми психологии ирода” ва донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сурдопедагогика-таҳсилоти томактабӣ Акрамова Б дар мавзуи “дигаргуниҳои психологӣ вобаста ба дохилшавии бача ба мактаб” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.




Ба рӯйхат