, Ҷумъа, 19-декабр

ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН


ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет таҳти унвони «Паём - роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими барномавӣ ва роҳнамо самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян карда, барои пешрафти устувори ҷомеа, болоравии сатҳи маърифат ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки омӯзиш ва татбиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паём вазифаи муҳими аҳли илму маориф ба ҳисоб меравад.

Сипас, дотсенти кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат-санади тақдирсоз дар масири созандагӣ ва худшиносии миллӣ”, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик Назирзода Маҳмуд дар мавзуи “Рушди илму маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Одинаева Ҳуснигул дар мавзуи “Маориф-омили асосии рушди давлат” маърӯза намуда, дар баромадҳои худ вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, нақши он дар масири созандагӣ ва худшиносии миллӣ, рушди илму маориф ва маориф ҳамчун омили асосии рушди давлат андешаҳои хешро баён намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли илму маориф ва донишҷӯён аҳамияти махсус дошта, чунин ҳамоишҳо ба болоравии сатҳи маърифати сиёсӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!