, Ҷумъа, 19-декабр

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Имрӯз, 18.12.2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии навбатии раиси Шурои занону духтарони донишгоҳ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора бо омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҳисоби занон баргузор гардид. Вохӯрӣ ба баррасии ҳамаҷонибаи нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботу амният, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои калидии ҷомеаро муайян менамояд. Таъкид карда шуд, ки дар Паёми имсола ба масъалаи мақому ҷойгоҳи занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Раиси Шурои занону духтарон иброз дошт, ки занон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, пешбурди ислоҳот ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ нақши муҳим доранд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлат барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш ва масъулияти иҷтимоии занон яке аз омилҳои асосии рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ омӯзгорон ва донишҷӯён андешаҳои худро оид ба муҳтавои Паём, бахусус қисматҳои марбут ба занон, баён намуда, иброз доштанд, ки татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ пайдарпай баргузор гардида, ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва ҷалби фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён ба татбиқи сиёсати давлатии кишвар мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!