, Чоршанбе, 17-декабр

СЕ ҶОЙИ НАМОЁН ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ


СЕ ҶОЙИ НАМОЁН ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 16.12.2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ байни ҷавонон (бонувон ва мардон) баргузор гардид, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар он иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи намоён гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни факултети молиявӣ ва иқтисодӣ Ҳамзаи Саймаҳмуд ва Одилзода Абдурасул ва донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Одинаев Ҷамахон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва медали биринҷии мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати Донишгоҳ ҳамаи ғолибон – Ҳамзаи Саймаҳмуд, Одилзода Абдурасул ва Одинаев Ҷамахон бо ин нишондоди шоиста самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои бештар таманно дорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!