,
Чоршанбе, 17-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Раиси Шурои занону духтарони донишгоҳ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора бо кормандони хоҷагии донишгоҳ аз ҳисоби занон баргузор гардид. Вохӯрӣ ба баррасии нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва роҳнамо самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва, бахусус, мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеаро муайян менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати саҳмгузории фаъол дар татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои дар назди ҷомеа гузошташуда изҳор намуданд.