, Чоршанбе, 17-декабр

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ ДАР ДДК


ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ ДАР ДДК

Имрӯз дар хобгоҳи донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии судманд ҷиҳати баррасии Паёми Пешвои миллат, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш, аз ҷумла сӯхтор, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, сардори раёсати тарбия, дотсент Шарипов Анвар, Раҳматуллоев Баҳром - ассистенти кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҳамчунин намояндагони раёсати тарбия ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректори донишгоҳ, дотсент Шарифзода Одинамо баромад намуда, муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, барои ҷавонон, бахусус донишҷӯён, масъулияти бештарро дар самти таҳсил, худогоҳӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи интизом тақозо менамояд. Ҳамзамон дастурҳои роҳбарияти донишгоҳ вобаста ба беҳтар намудани шароити зист, риояи қоидаҳои будубош дар хобгоҳ ва масъулияти шахсии донишҷӯён ироа гардиданд.

Сипас, Раҳматуллоев Баҳром, ассистенти кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар мавзуи пешгирии ҳолатҳои сӯхтор ва истифодаи дурусти асбобҳои барқӣ баромад намуда, оид ба қоидаҳои бехатарӣ, хатарҳои истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ, роҳҳои пешгирии сӯхтор ва амалҳои зарурӣ дар ҳолатҳои фавқулода ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод. Ӯ донишҷӯёнро ба риояи қатъии меъёрҳои бехатарӣ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва масъулиятшиносӣ даъват намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги истифодаи неруи барқ ва таъмини амнияти донишҷӯён дар хобгоҳ аҳамияти калон дошта, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!