,
Душанбе, 15-декабр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ дарси намунавӣ, аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик, дар гурӯҳи таълимии 104-и ихтисоси рӯзноманигорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд. Мавзуи дарс “Сифат ва хусусиятҳои грамматикии он” муқаррар гардида буд.
Сайдалиева Сарварбӣ дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Сифат ва хусусиятҳои грамматикии он” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд кард, ки сифат ҳамчун ҳиссаи нутқ аломату хусусияти ашёро ифода намуда, ба саволҳои чӣ гуна? кадом? чӣ хел? ҷавоб медиҳад. Таъкид гардид, ки сифатҳо аз ҷиҳати маъно ба сифатҳои сифатии аслӣ ва нисбӣ ҷудо мешаванд: сифатҳои аслӣ аломати мустақими ашёро ифода мекунанд (зебо, калон, ширин), дар ҳоле ки сифатҳои нисбӣ муносибат ба ашё, мавод, ҷой, вақт ё мансубиятро нишон медиҳанд (кӯдакона, сангин, кӯҳистонӣ).
Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.