,
Душанбе, 15-декабр
Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию поксозӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайваста шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор карда мешаванд. Ин иқдомҳо ба беҳдошти муҳити зист, таҳкими фарҳанги тозагӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ равона гардидаанд.
Дар ин робита имрӯз, 14 декабри соли 2025, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар мавсими тирамоҳ, аз ҷумла поксозии боқимондаҳои баргреза, партовҳо ва растаниҳои бегона, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи донишгоҳ ба шанбегии дастаҷамъона баромаданд.
Зимни шанбегӣ роҳравҳо, гирду атрофи боғ, зери гулу буттаву дарахтон, ҷӯйборҳо ва дохили сой аз партовҳо тоза карда шуда, барои беҳдошти ҳолати санитарӣ ва зебоии муҳити атроф корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар ин иқдоми ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузошта, бори дигар аз аҳамияти тозагии муҳит ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ҷонибдорӣ намуданд.