,
Шанбе, 13-декабр
Таърихи 12 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат баргузор гардид.
Ҷаласа ба баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолият бахшида шуда, онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нахуст масъалаи «Натиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар самти иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар донишгоҳ (Фармони Президенти ҶТ аз 01.06.2021)» мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина баромадкунанда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таклифу пешниҳодоти судмандро ироа намуд.
Сипас, масъалаи «Ҳолати интизоми меҳнат дар соли 2025 ва вазъи танзими захираҳои кадрӣ дар Донишгоҳ» баррасӣ шуд. Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Давлатов Миралӣ доир ба вазъи риояи интизоми меҳнатӣ, ҷараёни танзими кадрҳо ва иҷрои меъёрҳои хизматӣ дар воҳидҳои сохтории донишгоҳ иттилоъ дод.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи «Ҳолати таълим ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос PhD» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала сардори раёсати илм ва инноватсия Расулова Лутфия гузориши таҳлилӣ ва муфассал пешниҳод кард.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ муовинони соҳавии ректор вобаста ба самтҳои фаъолияти худ гузоришҳои дахлдор пешниҳод намуда, доир ба ҷараёни корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ маълумот доданд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо дарназардошти гузоришҳои пешниҳодшуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вай таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи вазифаҳои муайянгардида, инчунин сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар самтҳои омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳкими сатҳу сифати таълим ва боло бурдани фарҳанги меҳнату масъулиятшиносӣ омили асосии пешрафт ва рушду комёбии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, нисбат ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки роҳандозии фаъолияти мунтазам, ҳамоҳангии сохторҳои дохилии донишгоҳ ва иҷрои масъулиятноки вазифаҳо омили асосии расидан ба дастовардҳои нав ва таҳкими фаъолияти муассиса дар соли таҳсили ҷорӣ ба ҳисоб меравад.