,
Шанбе, 13-декабр
12 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиш оид ба натиҷагирии Нақша-чорабинӣ ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур, раиси суди шаҳри Кӯлоб Муҳиддинзода Баҳодур, сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Шарифов Сарабек, муовинони ректор, садорати факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Кори ҳамоиш ба таври зинда садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронии худро бо иқтибос овардан аз суханони ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд, ки чунин гуфтаанд:
“Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони имрӯза ба яке аз хатарҳои ҷиддитарини амниятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари муҳимми минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҳдидҳо канор нест. Тағйирёбии шаклу усулҳои фаъолиятии гурӯҳҳои террористӣ, васеъшавии ҷуғрофияи онҳо ва истифодаи васеъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ зарурати муборизаи муназзаму муассири тамоми мардуми Тоҷикистонро дар ҳамкорӣ бо давлат бар зидди гурӯҳҳои террористӣ тақозо менамояд.
Ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки Тоҷикистон яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар ин замина Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» қабул намудааст. Стратегияи мазкур тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020 таҳия шудааст.
Сипас, раиси суди шаҳри Кӯлоб Муҳиддинзода Баҳодур дар мавзуи “Муқовимат ба экстремизм ва терроризм: таҳлили ҳуқуқӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат бар зидди ин падидаи номатлуб як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ. Дар ин самт Тоҷикистон иқдомҳои фаровон рӯи даст гирифааст: қонунҳои нав, консепсияҳо ва стратегияҳое қабул шуданд, ки моҳияти мубориза бар зидди терроризмро на танҳо дар сатҳи ҳуқуқӣ, балки дар сатҳи идеологӣ муайян мекунанд. Бо ин тадбирҳо фазои ҳуқуқии кишвар такмил ёфта, имкони баррасӣ ва муборизаи ҳамаҷониба бар зиди зуҳуротҳои ифротгароёна фароҳам омадааст.
Баъдан Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур бо маърӯзаи “Нақши зиёиён дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ” баромад намуда, қайд намуд, ки яке аз мушкилотҳое, ки сабаби шомил шудани баъзан шаҳрвандони мо минҷумла ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин нобаробарии дараҷаи донишҳои диннӣ ва дунявӣ, фахмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони мо мебошад, ки баъзан ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд. Дар ин замина нақши зиёиён...
Дар идома сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Шарифов Сарабек доир ба “Зуҳуроти терроризм ва экстремизм: таъсири онҳо ба вазъи оперативии минтақа” баромад намуда, иброз дошт, ки агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногуни оламро коста гардонад. Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад. Ҳамзамон ниҳодҳои давлатӣ дар сохтори худ қисматҳои махсуси киберназоратро таъсис дода, мониторинги шабакаҳои иттилоотиро пурзӯр намуданд, то ки таблиғоти пинҳонии экстремистӣ, ки дар фарҷоми асри рақамӣ ба яке аз василаҳои асосии ҷалб табдил ёфтааст, дар айёми пайдоиш шинохта шаванд.
Дар қисмати музокирот номзади илмҳои кимиё, дотсент Холиқзода Сафар ва муоивини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ба сухан баромада, дар тақвияти гуфтаҳои боло, зикр доштанд, ки мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм кори як ниҳод нест – ин масъулияти давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Тоҷикистон дар солҳои охир ба яке аз кишварҳои амнтарини минтақа ва ҷаҳон табдил гардидааст. Вале бо назардошти таҳдидҳои нав, зарур аст, ки мо муборизаро бо ин вабои аср беш аз пеш намоем.