,
Панҷшанбе, 11-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва тарбиявӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, таҳкими малакаи касбӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.
Дар ҳамин замина, имрӯз (11.12.2025) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби Каримзода Исроил, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи «Таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар гурӯҳи таълимии 404-и хтисоси таърих ва ҳуқуқ дарси намунавӣ баргузор гардид.
Дар оғози дарс Каримзода Исроил ба шарҳи шароити таърихии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, раванди ташкили давлатҳои мустақил ва омилҳои геополитикии он пардохт. Мавсуф таъкид намуд, ки омӯзиши ин мавзуъ барои дарки равандҳои сиёсии замони муосир, муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ аҳамияти хосаи илмӣ ва таълимӣ дорад.
Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни гурӯҳ бо маърӯзаҳои таҳлилӣ дар мавзуъҳои марбут ба оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии пошхӯрии СССР, аҳамияти таърихии Санади таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар ташаккули сохтори нави муносибатҳои байналмилалӣ баромад намуданд. Маърӯзаҳои омодакардаи донишҷӯён муҳтавои хуб дошта, ба раванди дарс динамикаи илмию таҳлилӣ бахшид.
Дар қисмати поёнии дарс миёни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. Иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои муфассал ва асоснок пешниҳод карданд, ки ин аз сатҳи баланди омодагии онҳо шаҳодат медод.