, Панҷшанбе, 11-декабр

НАҚШИ КӮҲҲО ДАР ҲАЁТИ ИНСОНИЯТ


НАҚШИ КӮҲҲО ДАР ҲАЁТИ ИНСОНИЯТ

Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши кӯҳҳо дар ҳаёти инсоният” бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯҳҳо 11-декабр баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулова Лутфия, декани факултет, номзади илмҳои география Иброҳимова Рухшона, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ, ҳайати омӯзгорони факултет ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, ба кори мизи мудаввар оғоз бахшид. Ҳамзамон қайд намуд, ки кӯҳҳо яке аз шаклҳои муҳимми сатҳи хушкӣ ба ҳисоб рафта, офаридаи бузурги табиат маҳсуб меёбад.

Сипас, декани факултет Иброҳимова Рушхона зимни баромади хеш иброз дошт, ки Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо соли 1992 аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд таъсис дода шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба нақши кӯҳҳо, Созмони Милали Муттаҳид соли 2002-ро Соли байналмилалии кӯҳҳо эълон кард. Соли 2003 бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таҷлил шуд. Кӯҳҳо сарвати табиӣ мебошанд, ки мо бояд онро ҳифз кунем.

Дар идома дотсент Гадоев Шералӣ дар мавзуи “Нақши кӯҳҳо дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ” ва ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ Камолзода Амир дар мавзуи “Ташаккулёбии кӯҳҳо ва мавқеи он дар рушди фаъолияти хоҷагидории ҷаҳон” маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки кӯҳҳо дар табиат ва ҳаёти инсоният нақши муҳим доранд. Кӯҳҳо манбаи сарватҳои зеризаминианд. Дар кӯҳҳо маъданҳои гуногун ва сангҳои қиматбаҳо воқеъ гаштаанд, ки ин пешрафти саноати кишварҳоро таъмин месозанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!